28 Август 2026 - 23:28
Source: ABNA
Ҳамлаи террористии Тел-Авив ба Ҷанин дар соҳили ғарбӣ: 3 нафар шаҳид шуданд

Манбаъҳои хабарӣ аз ҳамлаи террористии режими сионистӣ ба Ҷанин дар соҳили ғарбӣ ва шаҳид шудани се нафар ба дасти сарбозони ишғолгар хабар доданд.

Ба гузориши агентсии хабарии «Абна» ба нақл аз агентсии «Шиҳоб», артиши режими сионистӣ имрӯз, ҷумъа, даъво кард, ки дар ҳамлаи террористии худ дар шаҳри Ҷанин, ки дар соҳили ғарбӣ ҷойгир аст, гурӯҳе аз муборизони фаластиниро ҳадаф қарор додааст.

Ин режими сионистӣ инчунин даъво кард, ки дар ҳамлаҳои дирӯза (панҷшанбе) ду нафар аз фармондеҳони ҷунбишҳои ҲАМОС ва Ҷиҳоди исломӣ дар ду ҳамла дар навори Ғаззаро ба шаҳодат расонидааст.

Артиши режими сионистӣ пас аз ҳамла, сарбозони бештаре ба макони ҳамла дар Ҷанин, ки дар шимоли соҳили ғарбӣ воқеъ аст, фиристод.

Бино бар хабарҳое, ки баъдан нашр шудаанд, се нафар дар ин ҳамлаи террористӣ шаҳид шудаанд ва режими сионистӣ қувваҳои ёридиҳандаро аз расидан ва кумак расонидан боздоштааст.

Сарвазири режими сионистӣ пас аз ин тарор, даъво кард, ки сарбозони ишғолгар нақшаи ҳамлаҳои фаластиниҳо ба ин режимро дар Ҷанин безарар кардаанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha